24 Июн 2023 - 13:50
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Ғарб дар таъомул бо Эрон ба ақлонияти нисбӣ расидааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба аҳамияти сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Амрикои лотин гуфт : Дар кишварҳои аврупоӣ шоҳиди ақлонияти нисбии ғарбиҳо дар рӯёрӯӣ бо Ҷумҳурии исломӣ Эрон ҳастем .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард,хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба сафари Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба се кишвари Амрикои лотин ва бозхурдҳои он дар муҳити байналмилал гуфт : Венесуэла ба марказе барои ҳаракати инқилобии Эрон дар нимкураи ғарбӣ табдил шудааст ва сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба ин кишвар аз абъоди мухталиф ниёзманди таҳлил аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд : Ҷойгоҳи иқтидорофарину зарфияти истисноии Ҷумҳурии исломӣ дар халқи қудрати минтақаӣ,фароминтақаӣ ва афзоиши дониши миллати Эрон ва тақвияти ҷабҳаи муқовимат таъсиргузор буда, ки таҳти раҳбарӣ ва заомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба даст омадааст.
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Абутуробифард тасреҳ кард : Ғарб ва кишварҳои аврупоӣ дар рӯёрӯӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ба ақлонияти нисбӣ расидаанд, ки нишондиҳандаи иқтидори Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо табрики ҳафтаи қувваи қазоия гуфт : Бар асоси Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон истиқлоли дастгоҳи қазоӣ дар Эрон тому комил аст ва ин дастовард бисёр истисноӣ аст, ки дар камтар қудрате дар ҷаҳон шоҳиди ин истиқлол ҳастем.

342/